Ahmad Zahir – Kajaki Abroiet Nishe Gazhdum Ast
КАҶАКИ АБРӮЯТ НЕШИ КАЖДУМ АСТ
Шеъри Найнавоз ва халқ
Оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз
Каҷаки абрӯят неши каждум аст,
Чи кунум афсӯс, моли мардум аст.
Ду чашмони хуморатро кӣ дорад?
Ду абрӯй думби моратро кӣ дорад?
Бигардум кӯҳ ба кӯҳ, саҳро ба саҳро,
Бипурсум ихтиёратро кӣ дорад?
Ду абрӯи туро пайваста гуфтанд,
Даҳони дилкашатро писта гуфтанд.
Чу васф кардан ҳадиси ғунчаатро,
Ба оби гул даҳанро шуста гуфтанд.
Камонабрӯ камонатро бибӯсам,
Синонмижгон синонатро бибӯсам.
Камарбандам бигирам гесӯятро,
Садафдандон лабонатро бибӯсам.
source
بهترین ترانه