Ahmad Zahir – Agar Penhan Bowad Paida
АГАР ПИНҲОН БУВАД ПАЙДО, МАН ОН ПАЙДОИ ПИНҲОНАМ

Шеъри Хоҷуи Кирмонӣ
Оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз

Агар пинҳон бувад пайдо, ман он пайдои пинҳонам,
В-агар нодон бувад доно, ман он донои нодонам.

Ҳумои гулшани қудсам, на сайди донаву домам,
Тазарви боғи фирдавсам, на мурғи ин гулистонам.

Ман он ҳушёри сармастам, ки набвад бе қадаҳ дастам,
Нагӯям нестам, ҳастам, ба дил ҳам ину ҳам онам.

Сипеҳри меҳрро моҳам, ҷаҳони ишқро шоҳам,
Бутонро остин бӯсам, муғонро офарин хонам.

Агар фақр аст урёнӣ ман он урёни урёнам,
Агар абр аст найсонӣ ман он найсон зи найсонам.

source

Ruzgor CINEMA

Author Ruzgor CINEMA

More posts by Ruzgor CINEMA

Join the discussion One Comment

Leave a Reply